Таҳлилгарони исроилӣ шикасти аҳдофи ҷанги алайҳи борикаи Ғаззаро таъид ва дар айни ҳол изъон карданд ки ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин « Ҳамос » ба унвони як созмон ва марҷаъи қудрат , истиқомат ва пойдорӣ кард . Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , коршиноси рӯзномаи саҳюнистӣ « Yedioth Ahronoth » ба шабакаи 12 телевизион Исроил гуфт : Ҳадафи шумораи яки Кабинаи Исроил яъне сарнагӯнии қудрату ҳукӯмати Ҳамос дар Ғазза муҳаққиқ нашуда ва ин ҷунбиш ҳамчунон ба унвони марҷаъи қудрат дар Ғазза боқӣ мондааст .
Ин таҳлилгари саҳюнистӣ афзӯд : Дар сояи оташбас , неруҳои Ҳамос дар хиёбонҳо ҳастанд ва бо силоҳҳои худ мустақар шудаанд . Ҳамос ба унвони як марҷаъи қудрат , ҷойгоҳи худро ҳифз карда ва ин воқеиятӣ аст ки мо имрӯз бо он зиндагӣ мекунем .
Дар ҳамин ҳол , « Ҳоим Луинсун » таҳлилгару нависандаи саҳюнист гуфт : Ҳамос ба унвони як созмони побарҷои монда ва ин як воқеияти исбот шудааст . Ин созмон бо неруҳоӣ муназзам аз ибтидо то интиҳои ҷанг , ҳамчунон созмондеҳӣ шуда боқӣ монад ва дар тӯли ду соли душвори дучори фурӯпошӣ нашуд .
Сарлашкари захира « Исҳоқ Брик » таҳлилгари низомии режими саҳюнистӣ низ дар мусоҳиба бо шабакаи саҳюнистии Ой 24 гуфт : Артиши Исроил натавонист Ҳамосро шикаст диҳад . Мо ҷаҳонро аз даст додаем ва тавоноии Исроилро низ барои муқобила бо таҳдидҳое, ки дар атрофи мо рӯ ба афзоишаст , аз даст хоҳем дод . Ҷанг тамом шуд ва Ҳамос халъи силоҳ нахоҳад шуд .
Дарҳамин иртибот , « Doron Kadosh » рӯзноманигор ва таҳлилгари саҳюнист ба шабакаи саҳюнистии Ой 24 гуфт : Ҷанг амалан бидӯни халъи силаои Ҳамос дар борикаи ғҒзза поён ёфт . Ҳамос ҳамчунон як созмони фаъоли ҳамроҳ бо раҳбарии худ боқӣ монад ва тунелҳо ва кантроли Ҳамос бар Ғазза ҳамчунон идома ёфт . Ӯ афзуд : Ҳамос бидӯни неруи ҷойгузинӣ , кантроли кули манотиқи Ғаззаро дубора ба даст гирифтааст . Кодуш таъкид кард ки Ҳамос ҳеҷ таъаҳҳуди равшанӣ барои халъи силоҳ , таваққуфи мусаллаҳсозӣ , таваққуфи тавлиди силоҳ ё ҳафри тунел надодааст .
Your Comment